ABNA24 : Ба гузориши вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон 10 июни 2021 Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода Мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайбро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳое, ки дар доираи Роҳбурди Швейтсария дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2017-2021 дар кишвар амалӣ мегарданд, мубодилаи афкор намуданд.
342/